Суғд: чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба картингронӣ
Хуҷанд, 13.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар варзишгоҳи техникии “Формула-К”-и шаҳри Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба картингронӣ баргузор гардид. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз кумитаи вилоятии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилояти Суғд иттилоъ доданд, чорабинии мазкур бо иштироки дастаҳои ташкилоти Ҷамъияти мададгори мудофиаи (ТҶММ) шаҳру ноҳияҳои марказ ва шимоли кишвар дар доираи барномаи тарбияи ҳарбӣ- ватанпарастӣ ва рушди намудҳои варзиши ҳарбию амалӣ байни ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватӣ роҳандозӣ гардидааст.
Мувофиқ ба маълумоти ташкилкунандагони мусобиқаи мазкур, моҳияти асосии баргузории чунин иқдом- ин бедор намудани завқу шавқи ҷавонон нисбат ба техника, рондани воситаҳои техникии калонҳаҷм ва омода намудани онҳо ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки алъон дар миқёси ҷумҳурӣ танҳо дар вилояти Суғд варзиши картингронӣ рушду равнақи густурда дошта, дар он барои машқу тамрини варзишгарон имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
Дар мусобиқа дар умум 9 даста, аз ҷумла дастаҳои варзишгарон аз ТҶММ шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Истиқлол, инчунин ноҳияҳои Ёвон, Панҷакент, Исфара, Истаравшан, Б. Ғафуров ва Ашт аз рӯи 4 намуд — навъи варзишии “МИНИ”, “ЮНИОР”, “С-2” ва “МИЛЛӢ” байни худ сабқат карданд.
Дар интиҳои мусобиқа дар ҳайати даставӣ ҷои аввал ва Ҷоми мусобиқаро варзишгарони дастаи Кумитаи ТҶММ вилояти Суғд соҳибӣ карданд. Ҷои дувум насиби картингронони дастаи мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Хуҷанд ва ҷои севум насиби варзишгарони ноҳияи Б.Ғафуров гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






