Суғд: Курсҳои бозомӯзӣ барои омӯзгорон

Декабрь 13, 2014 12:35

Душанбе, 13.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд  натиҷаи  фаъолияти кормандони донишкада ва кабинети методии шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дар таҳияи дастур ва тавсияҳои методӣ, омӯзиш, ҷамъбаст ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисоси кормандони соҳа марвиди таҳлил  қарор  дода шуд.
Тавре ки дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар давоми соли ҷорӣ  аз тарафи  мушовирону омӯзгорони пешқадами  муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят 21 номгӯ дастуру  тавсияҳои методӣ барои омӯзгорони фанҳои гуногун  омода гардида, аз  ҷониби Шӯрои илмӣ-методии донишкада ба чоп пешниҳод гардид. Дар ин муддат  таҷрибаи пешқадами 69 нафар омӯзгор  омӯхта шуда, то ҳол  таҷрибаи 38 нафар ҷамъбаст ва  паҳн шуд.
Гуфта мешавад, ки дар давоми сол гузаронидани 245 курси такмили ихтисоси вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ бо фарогирии 5555 нафар корманди соҳа ба нақша гирифта шуда, бо талабу дархост ва пешниҳоди шуъбаҳои маориф 300 курс бо иштироки 6965 нафар корманди соҳа гузаронида шуд, ки 126%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Декабрь 13, 2014 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид