Суғд: Курсҳои бозомӯзӣ барои омӯзгорон
Душанбе, 13.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд натиҷаи фаъолияти кормандони донишкада ва кабинети методии шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дар таҳияи дастур ва тавсияҳои методӣ, омӯзиш, ҷамъбаст ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисоси кормандони соҳа марвиди таҳлил қарор дода шуд.
Тавре ки дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар давоми соли ҷорӣ аз тарафи мушовирону омӯзгорони пешқадами муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят 21 номгӯ дастуру тавсияҳои методӣ барои омӯзгорони фанҳои гуногун омода гардида, аз ҷониби Шӯрои илмӣ-методии донишкада ба чоп пешниҳод гардид. Дар ин муддат таҷрибаи пешқадами 69 нафар омӯзгор омӯхта шуда, то ҳол таҷрибаи 38 нафар ҷамъбаст ва паҳн шуд.
Гуфта мешавад, ки дар давоми сол гузаронидани 245 курси такмили ихтисоси вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ бо фарогирии 5555 нафар корманди соҳа ба нақша гирифта шуда, бо талабу дархост ва пешниҳоди шуъбаҳои маориф 300 курс бо иштироки 6965 нафар корманди соҳа гузаронида шуд, ки 126%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






