Суғд: таҷҳизот ба маблағи умумии 118,1 миллион

Декабрь 30, 2014 15:29

Душанбе, 30.12.2014. (АМИТ “Ховар,” Рафоати Абдулҳамид).- Дар 11 моҳи соли равон дар миқёси вилоят 32,8 миллион дона хишти сохтмонӣ, 1,5 миллион метри мураббаъ қолин ва маснуоти қолинӣ, 611,1 ҳазор тонна ангиштсанг, 299,5 ҳазор метр қубурҳои полиэтиленӣ, 66,4 ҳазор тонна орд, 54,1 ҳазор тонна семент ва дигар маҳсулот истеҳсол шуд.
Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ дод, дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар маҷмӯъ ба маблағи 3,4 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 787,6 миллион сомонӣ афзудааст.
Тибқи маълумоти расмӣ дар давоми ду соли охир ба вилоят ба маблағи умумии 118,1 миллион доллар (қариб 650 миллион сомонӣ) таҷҳизоту технологияи гуногун ворид шудааст.
 
 
 
 
 

Декабрь 30, 2014 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст