«Суруди сол»-озмуни ҷумҳуриявӣ

Декабрь 25, 2014 15:12

Душанбе, 25.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-27-уми декабри соли ҷорӣ дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» даври ҷамъбастӣ ва консерти пуршукӯҳи  ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Суруди сол» баргузор мегардад.
Чорабинии мазкур бо ибтикор ва ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар шаклу пешниҳоди нав доир мешавад.
Тайи се моҳи охир тавассути паёмҳои СМС ва овоздиҳии кушода суруду оҳангҳо ва овозхонҳои беҳтарини соли сипаришуда муайян гардиданд.
Дар натиҷа ба даври ниҳоӣ 23 овозхони шинохтаи эстрадаи муосири тоҷик роҳ ёфт.
Диплому ҷоизаҳои озмунро дар маросими бошукӯҳ ба ситораҳои эстрадаи тоҷик шахсиятҳои маъруфи ҷумҳурӣ месупоранд.
Шакли телевизионии озмуни ҷумҳуриявии «Суруди сол» дар шаби Соли нав манзури тамошобинон мешавад.

Декабрь 25, 2014 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид