Тағйири меъёрҳои бозтамвил ва захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ
Душанбе, 23.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Меъёри бозтамвил ба андозаи 1,1 банди фоизӣ баланд ва дар сатҳи 8 фоизи солона муқаррар гардид. Ба иттилоъи Бонки милли Тоҷикистон, тағйироти мазкур ҷиҳати таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, муътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот бинобар зиёд шудани таъсири фишорҳои қурбӣ ва таваррумӣ ба иқтисодиёт, ки бештар ба номуайянии бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ алоқаманд мебошад, инчунин барои пешгирии таъсири манфии омилҳои берунӣ ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ворид шудааст.
Инчунин бо қарори навбатии Раёсати БМТ, бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва баланд бардоштани эътимоди пули миллӣ бинобар зиёд шудани фишорҳои қурбӣ ба иқтисодиёт меъёри захираҳои ҳатмӣ барои пасандозҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ 3 банди фоизӣ паст ва бо асъори хориҷӣ 1 банди фоизӣ баланд шуда, мутаносибан дар сатҳи 2,0 ва 8,0 фоизи солона муқаррар гардид.
Мутобиқи қарори номбурда тамоми ҳисоббаробаркуниҳо дар низоми бонкӣ вобаста ба захираҳои ҳатмӣ аз таърихи 1 январи соли 2015 тибқи санади мазкур амалӣ машавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






