Таҳқиқоти сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон

Декабрь 12, 2014 14:06

Душанбе, 12.12.2014. (АМИТ Ховар, Зарангези Латиф).- Таълимоти  пешниҳодшудаи миллии арзёбии камбизоатӣ ба таҳқиқоти буҷети хонавода (ТБХ) асос ёфта, аввалин таълимотест, ки ба кишвар тааллуқ дорад,- зикр гардид дар конфронси байналмилалӣ, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки солҳои пеш, яъне аз соли 1999 то 2009, сатҳи камбизоатиро дар Тоҷикистон бо истифода аз таҳқиқоти сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон (ТСЗТ) муайян мекарданд. Аммо ин ду воситаи арзёбӣ, яъне ТБХ ва ТСЗТ аз тарҳҳои мухталифи таҳқиқот истифода мебаранд, аз ин рӯ маълумоти ба даст омадаро наметавон муқоиса намуд.
«Талошҳои Тоҷикистон дар қабули таълимоти миллии арзёбии камбизоатӣ, ки маҳсули меҳнати чандинсолаи ҳукумат, коршиносони миллӣ, марказҳои таҳлилӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ маҳсуб меёбанд»,- гуфт мудири Бонки ҷаҳонӣ оид ба таҷрибаи камбизоатӣ дар Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказӣ Каролина Санчез-Парамо.
 

Декабрь 12, 2014 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад