Таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ бо шиносномаҳои хориҷии биометрӣ
Душанбе, 10.12.2014 (АМИТ «Ховар»).-17 ноябр то 1 декабри соли 2014 тибқи пешниҳод ва роҳбарии муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ барои иҷрои амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини саривақтии муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар бо шиносномаҳои нави хориҷии биометрии дорои маълумоти электронӣ бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва анҷом додани вохӯриҳо бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷик ва шаҳрвандони Тоҷикистони муқими шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск, Екатеринбург ва Уфа ҳайати гурӯҳи корӣ бо роҳбарии сардори раёсати хизматрасонии консулии Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садбарг Ғаниева ба Федератсияи Русия сафари хизматӣ анҷом дод.
Зимни сафар дар якҷоягӣ бо сардори Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия А.Гулов, консулҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Уфа О. Шамсов, Екатеринбург С. Сафаров ва намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Уфа, Новосибирск бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷик, фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикистониёни Рязан, Смоленск, Владимир, Иваново, Твер, Чита, Иркутск, Челябинск, Ҷумҳуриҳои Бошқирдистон, Тотористон, Удмуртия, Чувашия, вилоятҳои Перм, Уляновск, Кемерово, Новокузнетск, Томск, Омск, Барнаул ва дигарон вохӯриҳо гузаронида шуда, роҷеъ ба тамоми масъалаҳои ҳуқуқӣ ва хизматрасониҳои консулӣ ва дар мавриди навовариҳо дар қонунгузории Русия дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ки шурӯъ аз 1-уми январи соли 2015 мавриди татбиқ қарор мегиранд, маслиҳатҳои муфид дода шуданд. Дар вохӯриҳо нархномаи шиносномаи хориҷӣ мутобиқи қимати таъйиншуда ва судури шиносномаи хориҷӣ мустақиман бидуни иштироки миёнаравон таъкид гардид.
Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз нуқтаҳои маълумотҷамъкунӣ барои шиносномаҳои хориҷӣ дар Хадамоти консулии Сафорат, консулгариҳои генералӣ дар шаҳрҳои Уфа ва Екатеринбург, инчунин нуқтаҳои иловагӣ дар шаҳрҳои Краснодар, Санкт-Петербург ва Новосибирск амал доранд. Барои ҷамъ намудани аризаҳои шаҳрвандон ҷиҳати гирифтани шиносномаи хориҷӣ дар назди Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав, консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург ва Уфа гурӯҳҳои мобилӣ ташкил шудаанд, ки дар ҳолати зарурӣ ба ҷойҳои сукунати шумораи зиёди шаҳрвандон сафар менамоянд. То имрӯз ин гурӯҳҳои мобилӣ ба шаҳрҳои Ярославл, Твер, Иваново, Чита, Иркутск, Челябинск, Нижний Новгород, Самара, Тюмен, Сургут, Красноярск ва Хабаровск сафар намуда, маълумоти шаҳрвандонро барои тайёр намудани шиносномаи хориҷии биометрӣ ҷамъ намуданд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки дар сурати пайдо шудани пешниҳоду саволҳо, эроду нофаҳмиҳо оид ба тартиб ва ҷараёни таъмини шиносномаҳои биометрӣ дар хориҷи кишвар, онҳо метавонанд дар бораи масъалаҳои ҷойдошта ба почтаи электронии ВКХ ҶТ consulardep@mfa.tj муроҷиат намоянд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






