Таъмири хонаи бачагон дар Фархор

Декабрь 6, 2014 11:03

Фархор,  6.12.2014 (АМИТ  «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар хонаи бачагони ноҳияи Фархор 120 нафар наврас ба тарбия фаро гирифта шудааст ва барои беҳтар намудани шароити зисти онҳо аз моҳи октябри соли 2013 бо маблағгузории дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби ду корхонаи сохтмонии маҳаллӣ- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сайёр» ва «Суғдиён » бо харҷи умумии 1 миллиону 535 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо хатти озоди барқ таъмин шуд. 
Зикамоҳ Назирмадова, директори хонаи бачагон  гуфт,  ки  аз ҳамин ҳисоб инчунин биноҳои ёрирасон сохта ва қисми дигар аз нав таъмир гардиданд. Барои беҳтар шудани шароити маишии тарбиятгирандагон дирексия ба маблағи 211 ҳазор сомонӣ кату рахтҳои хоб, ҷевону мизу курсӣ барои 120 нафар дастрас ва дар хобгоҳи мактаб муҷаҳҳаз гардонид. Дар хонаи бачагон устохона ва синфхонаи дӯзандагӣ фаъол гардонида шудааст ва аз ин пас тарбиятгирандагон имкон доранд, ки дар баробари таҳсил ба касбомӯзӣ низ машғул шаванд.
 
 
 

Декабрь 6, 2014 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид