Тарроҳони тоҷик дар Сингапур мӯди нав меомӯзанд

Декабрь 1, 2014 11:31

Душанбе, 01.12.2014.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Як ҳайати иборат аз тарроҳони либос ва омӯзгорони тарроҳӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон имрӯз, 1-уми декабр боздиди якҳафтаинаи худро аз Сингапур оғоз кард. 
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тиҷорати байналмиллалӣ иттилоъ доданд,   як гурӯҳ мутахассисони тарроҳии либос аз ду ҷумҳурии Осиёи Марказӣ рӯзҳои 1-6-уми декабр дар давраи омӯзишии “Мусоидат дар рушди маҳсулоти либосӣ” дар Сингапур иштирок мекунад. Ин сафар дар чаҳорчӯбаи барномаи “Тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои хурду миёнаи соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва рушди тавоноии ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар Тоҷикистон” сурат мегирад. Барномаи мазкур аз ҷониби Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) амалӣ ва аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.
Ҳадаф аз ин сафар тақвияти тавоноии ширкатҳо ва ниҳодҳои соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар арсаи тарроҳӣ мебошад. Дар ҷараёни сафар давраи омӯзишӣ, фаъолиятҳои таҷрибавӣ, боздидҳо аз студияҳои тарроҳӣ ва фурӯшгоҳҳои маъруф бо мақсади омӯзиш ва огаҳии бештар аз тарроҳии маҳсулот, рушди маҳсулот, ва роҳандозии истеҳсоли либосворӣ дар назар дошта шудааст. Наргиза Абдумаҷидова, ёвари миллии барномаҳои МТБ дар Тоҷикистон, ки ҳайатро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунад, мегӯяд: “Ин сафар ба намояндагони саноати нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистону Қирғизистон имкон медиҳад, то талаботи бозорро беҳтар фаҳманд ва барои рақобат дар бозору гуногунсозии содироти худ бештар омодагӣ гиранд. 
Чаҳорчӯбаи ин сафар самтҳои калидии омӯзиш, пажӯҳиши бозор воситаи торнамоҳо, таҳияи девораву баргаҳои тарроҳӣ, муайян кардани навъҳои матоъҳо ва огаҳии бештар аз василаҳои ороишиву истифодаи онҳо дар тарроҳиро низ фаро мегирад”. 
 

Декабрь 1, 2014 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид