Таъсиси Маркази рушди зеҳнии ҷавонони Тоҷикистон дар ДТТ
Душанбе, 26.12.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар заминаи Маркази мониторинги рақобатпазири донишҷӯёни ДТТ дар бозори меҳнат Маркази рушди зехнии чавонони Точикистон ва дарёфти истеъдодхо таъсис дода шуд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, маркази мазкур дар асоси мувофиқаи тарафайн миёни кумита бо Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъсис гардида, оид ба кушодашавии маркази мазкур раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳи Аҳтам Абдуллозода ва ректори ДТТ Нуралӣ Шоев созишнома ба имзо расониданд.
Гуфта мешавад, ки мақсад аз таъсиси маркази мазкур дар амал тадбиқ намудани сиёсати давлат оид ба таъмини иҷрои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», низомномаи кумита ва Оинномаи донишгоҳ, «Барномаи рушди инноватсиониӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Барномаи рушди неру ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






