Таъсиси Шӯрои волидайн дар Коллеҷи милитсияи ВКД

Декабрь 19, 2014 16:41

 Душанбе, 19.12.2014.(АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-18-уми декабри соли ҷорӣ дар Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии курсантони коллеҷи мазкур бо падару модарон ва наздикон баргузор гардид.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки  Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ навтаъсис буда, тӯли се моҳ мешавад, ки фаъолият дорад. Дар коллеҷ зиёда аз 100 нафар таҳсил менамояд. Ба коллеҷи милитсияи ВКД аз ҳисоби ятимон, бепарасторон ва фарзандони кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми адои вазифа фавтидаанд, 46 нафар баъд аз гузаштани муоинаи тиббӣ, супоридани озмоиши тарбияи ҷисмонӣ ва гузаштан аз суҳбат дохил шуд.
Ба ташаббуси садорати Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД ба Коллеҷи милитсия 800 адабиёти дарсӣ ва бо ибтикори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ 200 дастуру адабиёти таълимӣ супорида шуд.
Зикр шуд, ки барои вайрон намудани интизоми хизматӣ аз коллеҷ 2 нафар курсант хориҷ шуд. Аз ин рӯ, барои пешгирии ин ҳолатҳо хуб мешуд, ки аз ҳисоби волидон Шӯрои падару модарон таъсис дода шавад, 
 

Декабрь 19, 2014 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид