Таъсиси сомонаи интернетии “Ҷавонони Тоҷикистон”
Душанбе, 22.12.2014.(АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).- Ҳафтаи равон Муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар арафаи Соли нави масеҳӣ ва 85-солагии таъсис сомонаи интернетии худро бо нишонии www.javonon.tj таъсис дод. Он хабарҳои Тоҷикистону минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифта, дар ибтидо бо забонҳои тоҷикию русӣ ба хонандагон пешкаш мешавад.
Тавре ки дар суҳбат Самариддин Асозода, сармуҳаррири ҳафтанома иброз дошт, яке аз ҳадафҳои асосии роҳандозии сомона фаро гирифтани бештари хонандагон мебошад. Номбурда афзуд: “Баъди соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ ҷавонони зиёд барои таҳсил ба хориҷа мераванд, инчунин қисми зиёди муҳоҷирони кории кишвар, ки асосан дар Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолият мекунанд, ҷавонанд. Ҳамчунин бо рушди технология имкони дастрасии интернет ба воситаи телефонҳои мобилӣ фароҳам омадааст. Бинобар ин, онҳо ба воситаи сомона аз навигариҳои кишвар ва дастоварду мушкили ҳамсолон имкон пайдо мекунанд пайваста хабардор гарданд”.
Тавре масъулони сомона иброз медоранд, ҳар як кори нахустин, ки роҳандозӣ мегардад, аз камбудӣ орӣ нест. Бинобар ин, онҳо аз хонандагону мутахассисон хоҳонанд, назари худро барои беҳбудӣ бахшидани кори сомона, ки аз 1 январи соли 2015 фаъол мегардад, дареғ надоранд.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






