Тасмими КМИР ҶТ
Душанбе, 6.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст 16 декабр дар Душанбе бо иштироки намояндагони Васоити ахбори омма /ВАО/ ва аъзои Комиссиияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар мизи мудаввар баргузор намояд.
Шермуҳаммад Шоҳиён-раиси Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ мегӯяд, дар ин нишаст, ки дар доираи омодагиҳо ба интихоботи парлумонӣ ва интихоботи маҷлисҳои вакилони халқ баргузор мегардад, таклифу пешниҳодҳои намояндагони ВАО-и кишвар шунида шуда, инчунин аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба низоми баргузории интихоботи парлумонӣ дар кишвар ва пайгирию инъикоси ин чорабинии муҳими сиёсӣ аз ҷониби намояндагони ВАО гузориш медиҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки 5 декабри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармон ба имзо расонд, ки тибқи он 1 марти соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо таъйин карда шуд. Ҳамзамон дар асоси Фармони мазкур 27 марти соли 2015 интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






