Татбиқи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар навоҳии кӯҳистон
Душанбе, 1.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» бо мақсади дастгирии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ бо назардошти эҳтиёҷоти онҳо дар ҷамоати деҳоти Доғистони ноҳияи Шӯрообод мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии «Кафтар» — ро бо техникаи боркашонии худпарто ва техникаи боркунанда таъмин намуд. Бояд гуфт, ки аҳолии ҷамоати деҳоти мазкур аз сабаби набудани чунин намуди техникаҳо, махсусан дар фасли сармо, ки боришот зиёд аст, танқисӣ мекашиданд ва имконият надоштанд, ки молу маҳсулоти худро ба бозорҳо интиқол диҳанд, зеро мушкилоти роҳҳои дохилии деҳаҳо аҳолиро нигарон карда буд.
Тавре ки намояндаи лоиҳаи мазкур Муҳриддин Музаффаров гуфт, таъмин бо техникаҳои зарурӣ имконият медиҳад, ки аз як тараф ҳолати роҳҳои дохили деҳаҳо беҳтар гардад ва аз ҷониби дигар беҳтар гардидани инфрасохтори маҳал барои рушди кишоварзӣ ва чорводорӣ низ мусоидат намояд. Дар маросими супоридани техникаҳо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шӯрообод, роҳбарияти Муассисаи давлатии Маркази идоракунии Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Ҳамзамон 27 ноябри соли равон дар ноҳияи Балҷувон маросими расмии ба фаъолият оғоз намудани Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» баргузор гардид. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти лоиҳаи мазкур иброз гардид, ки Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», ки бо дасгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии Рушди кишоварзӣ ,дар ҳамоҳангсозӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Агентии иҷроияи лоиҳаҳо фаъолият дорад, оид ба идора ва истифодаи самараноки чарогоҳҳо, дастгирии оилаҳои ниёзманд, алахусус занон, рушди чорводорӣ, беҳтар намудани инфрасохтори чарогоҳҳои маҳаллӣ, беҳтар намудани зоти чорво ва дар ин замина дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ноҳияи Балҷувон мусоидат менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






