Туҳфаи Р. Аҳмадзода ба кӯдакону пиронсолони маъюб

Декабрь 31, 2014 09:24

Хуҷанд, 31.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар арафаи соли нави мелодӣ раиси шаҳри Хуҷанд аз будубоши бошандагони мактаб-парваришгоҳи махсуси ёрирасон ва Хонаи пиронсолон ва маюбони шаҳр дидан намуд. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз маркази матбуоти роҳбари шаҳр иттилоъ доданд, Раҷаббой Аҳмадзода зимни аёдат дар чорабинии солинавии бошандагони ин ду муассисаи иҷтимоӣ иштирок намуд. Раиси шаҳр дар мактаб-парваришгоҳ бо тарбиятгирандагони ин муасссиса мулоқоти самимӣ анҷом дода, онҳоро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрик намуда, барномаи ҷолиби солинавии омода намудаи онҳоро дида, ба онон туҳфаҳои солинавӣ супорид. Сипас дар хонаи пиронсолон бо аҳволи 61 нафар шахси бесарпаноҳ ва бепарастормонда шинос шуда, бошандагонро бо соли нави мелодӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр доимо ғамхор ва сарпарасти онон буда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва ҳифзи саломатии бошандагон кӯшиш дорад.

Декабрь 31, 2014 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд