Вақти ҳунар асту сарфарозист
Душанбе, 19.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- 140 нафар ҷавон дар Душанбе курсҳои омӯзиши дӯзандагию компютерӣ ва муҳосибиро хатм намуда, соҳиби гувоҳнома гардид.
Курсҳои омӯзишӣ бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон созмон дода шуда, ҳадафаш ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб кардани ҷавонписарону духтарон аст, ки бархеашон аз хонаводаҳои ниёзманданд.
Дар маросими анҷоми курсҳои омӯзиши намояндагону масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ва дафтари Кумитаи имдод дар Тоҷикистон ба хатмкунандагони курсҳои омӯзишӣ гувоҳнома ва туҳфаҳо тақдим намуда, ба онҳо дар ҷодаи омӯзиши касбу ҳунар ва бо меҳнати софдилона саҳм гузоштан дар беҳдошти сатҳи иҷтимоии хонаводаҳояшон ва ҷомеа комёбиҳо таманно намуданд.
Таъкид шуд, ки дар соли 2014 беш аз 400 нафар ҷавон дар 21 гурӯҳ курсҳои омӯзиширо бо ихтисосҳои дӯзанда, муҳосиб, барномасоз, кафшергари барқӣ, сантехник хатм намуда, дорои гувоҳнома гардиданд. Ин омор дар соли 2013 -ум 200 нафарро ташкил дод. Ҷавононе, ки марказҳои омӯзиширо хатм намудаанд, алҳол дар истеҳсолот фаъолият доранд. Зикр шуд, ки дар оянда бо назардошти талаботи бозори меҳнати Тоҷикистон ба ҷавонон касбу ҳунар омӯзонида, онҳоро ба истеҳсолот омода месозанд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи солҳои охир ҳамкории муштаракро бо Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ёддошти тафоҳуми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва қарордодҳои алоҳидаи соҳавӣ ба роҳ монда, барои мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии касбии низоми вазорат ва ба роҳандозии таълимгоҳҳои муштараки омӯзишӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Ҳамзамон моҳи сентябри соли 2014 санади нави ҳамкорӣ -Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расид. Мавриди зикр аст, ки дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистони ҷумҳурӣ 29 таълимгоҳи дӯзандагӣ, сантехникӣ, кафшергарӣ, сангтарошӣ, заргарӣ ва омӯзиши комюптер ба таври мустақил ё муштарак ва теъдоди 31 таълимгоҳ дар ноҳияву ҷамоатҳо, фаъолият дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






