«ВАО-муқобили коррупсия»-ҷамъбасти озмун
Душанбе, 29.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бо иқдоми Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни нашрияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «ВАО-муқобили коррупсия» гузаронида шуд.
Ҳадафи чорабинӣ ҷалби таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори омма ба муқовимат ба коррупсия дар матбуоти даврӣ, муайян намудани самарабахшии фаъолият ва саҳми рӯзноманигорон дар инъикоси ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва дар ин замина ташаккул додани ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар байни аҳолии Тоҷикистон буд.
Мавриди зикр аст, ки соли гузашта низ чунин озмун дар ҳамкории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи воситаҳои ахбори омма- давлатию мустақил доир шуд ва лаҳзаҳои хотирмони мукофотсупорӣ ба ғолибон дар рӯзи таҷлили Иди матбуоти тоҷик дар сатҳи хеле баланд доир гардид.
Дар озмуни имсола рӯзномаҳои «Субҳи меҳнат»-и ноҳияи Мӯъминобод, «Насими Исфара»-и шаҳри Исфара, «Ҳақиқати Ховалинг»-и ноҳияи Ховалинг, «Садои Конибодом»-и шаҳри Конибодом, «Новый Хатлон»-и вилояти Хатлон, «Согдийская правда»-и вилояти Суғд ғолиб дониста шуда, бо дипломҳо ва мукофотҳои пулии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






