Вазъи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ванҷ
Душанбе, 19.12.2014 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ 30 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сохтмони кӯпруки мавзеи Сурхсангови деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Водхуд дар асоси созишнома кор мекунад.
Аз ҷониби кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ванҷ бо мақсади назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ноҳия, пайваста санҷишҳо гузаронида мешаванд.
Ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ зимни гузаронидани санҷишҳо маълум гардид, ки ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони чинӣ, аз қабили раводид, рухсатнома ва иҷозати корӣ, инчунин бақайдгирии онҳо сари вақт анҷом дода шудааст.
Ҳамчунин дар давоми моҳи декабри соли равон ҳуҷҷатҳои 7 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Молдова мавриди санҷиш қарор дода шуда, маълум гардид, ки барои гирифтани иҷозати корӣ ҳуҷҷатҳояшонро ба шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ пешниҳод кардаанд.
Кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ванҷ минбаъд низ чунин тадбирҳоро ҷиҳати танзими раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ин ноҳия меандешанд.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






