ВКД: Ғамхорӣ ба собиқадорон ва иштирокчиёни ҶБВ

Декабрь 30, 2014 11:55

Душанбе, 30.12.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Бо кумаку ғамхорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба як гурӯҳ собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ тақдим намудани туҳфаҳои идона, аз қабили маводи ғизоӣ ва маблағи пулӣ идома дорад.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки дирӯз муовинони вазири корҳои дохилӣ Умарзода Икром Ислом, Навҷувонов Абдулло Шанбиевич ва Солеҳзода Искандар Раҷаб ба хонаҳои истиқоматии собиқадорони ҷангу меҳнат: Мадулло Сафаров-старшинаи мустаъфӣ, Давлатшоҳ Қадимов- сержанти калони мустаъфӣ ва Макеев Евгений Яковлевич-подполковники мустаъфӣ рафта, ба онҳо туҳфаҳои Президенти кишварро, аз қабили: орд, равған, биринҷ,  шакар, картошка, пиёз, анвои гуногуни шириниҳо ва маблағи пулӣ расониданд.
Зимни дидорбинӣ муовинони вазири корҳои дохилӣ ин мардони наҷибу дарёдилро, ки дар айни ҳол дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронанд, бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуда, ба онҳо барои хизмати шоён ва арзанда ба халқу Ватан изҳори сипос карданд.
 
 
 

Декабрь 30, 2014 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид