ВКД: 17 550 нафар шахси шубҳанок ба қайд гирифта шуд

Декабрь 15, 2014 14:23

Душанбе, 15.12.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Имрӯз дар Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Ситоди байниидоравии ҷумҳуриявӣ дар 11 моҳи соли ҷорӣ бо иштироки роҳбарони аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар баргузор гардид.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ  вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз ҳамкории дастаҷамъонаи аъзои ситоди мазкур дар таъмини суботу оромӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Муовини роҳбари Ситоди байниидоравии ҷумҳуриявӣ Солеҳзода Искандар аз натиҷаҳои фаъолияти корӣ  дар 11 моҳи ҷорӣ ибрози назар намуда, зикр намуд, ки дар ин муддат аз тарафи бахши махсус ба шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 17 ҳазору 550 нафар шахсони шубҳанок барои муайян намудани шахсият ба шуъба дастрас шудаанд.
Аз ҷумла, барои нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ — 386 нафар, барои майдаавбошӣ — 68 нафар, барои кашидани сигору нос дар ҷойҳои муқаррарнагардида — 439 нафар, дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ — 1 ҳазору 83 нафар ва нисбат ба 1 ҳазору 926 нафар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, 706 нафар ба қабулгоҳ-таҳвилгоҳи гадоён ва оворагардон ва 230 нафар ба ҳушёрхонаи тиббӣ дастрас шуда, нисбат ба онҳо тадбирҳои қонунӣ андешида шуданд.
Аз тарафи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ 986 ҳазору 350 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла барои идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ — 8 ҳазору 937, бе ҳуҷҷати ронандагӣ — 32 ҳазору 534, ғайриқонунӣ идора намудани воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳ — 1 ҳазору 109, бе рақами қайди давлатӣ — 6 ҳазору 447, рақамҳои бегона — 885, гузаштан ҳангоми ранги сурхи чароғаки роҳнамо — 13 ҳазору 449, аз меъёр зиёд намудани суръати ҳаракат дар роҳ — 131 ҳазору 967, ба манфиати шахсӣ истифода бурдани нақлиёти давлатӣ — 451 ва 790 ҳазору 571 ҳолати дигар вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор шуданд.
Дар хотимаи ҷаласа аъзои ситоди мазкур бо мақсади беҳдошти фаъолият ва пурзӯр намудани мубориза дар самти ҷинояткорӣ таклифу пешниҳоди мушаххас манзур намуданд.

Декабрь 15, 2014 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид