ВКД: «Афзоиши кишти кӯкнор ва истеҳсоли афюн дар ҶИА»

Декабрь 17, 2014 15:35

Душанбе, 17.12.2014.( АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Ҳафтаи равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон вобаста ба баррасии лоиҳаи Барномаи минтақавии  Раёсати маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ, ки барои солҳои 2015-2020 ба нақша гирифта шудааст, мизи мудаввар бо иштироки васеи мутахассисони 5 давлати минтақа: Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Кирғизистон, Ӯзбекистон бо даъвати давлатҳои Русия ва Озарбойҷон сурат гирифт.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки дар кори ҳамоиш мушовири калони вазири корҳои дохилӣ М.Ғ. Бухориев доир ба тадбирҳои пешгирӣ ва муборизаи дастаҷамъона бар зидди моддаҳои нашъаовар гуфт, ки: «Аз рӯи маълумотҳои омории Раёсати маводи мухаддир ва ҷинояткории Созмони Миллали Муттаҳид, дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кишти кӯкнор ва истеҳсоли афюн дар соли 2014 нисбат ба соли 2013, 7% афзудааст. Фурӯши маводи мухаддир маблағҳои калони пулиро дар бар мегирад, ки аксари ин маблағҳоро ҷинояткорон барои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, аз қабили терроризм, экстремизм ва қочоқи одамон истифода мебаранд. Хатари паҳн гаштани ин равандҳои номатлуб дар минтақа боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Аз ин рӯ, Раёсати маводи мухаддир ва ҷинояткории Созмони Миллали Муттаҳид дар минтақа иқдом гирифтааст, ки  барномаи нав таҳия намуда, барои дар амал татбиқ намудани он пешниҳоди давлатҳои минтақа гардонад».  
Дар мизи мудаввар намояндагони ташкилотҳои гуногун, аз ҷумла Бунёди Оғохон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок дошт. Мақсад аз мизи мудаввар баррасии лоиҳаи «Барномаи минтақавии мубориза бар зидди маводи мухаддир барои солҳои 2015-2020» буд, -иттилоъ медиҳад манбаъ.

Декабрь 17, 2014 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад