Вохӯрӣ бо бонувони шаҳри Вахдат
Душанбе, 3.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). -Намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи гурӯҳи ташвиқотӣ-тарғиботӣ оид ба баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва пешгирии ҳодисаҳои номатлуб дар шаҳри Ваҳдат бо занону духтарон суҳбату вохӯрӣ гузаронид.
Бино ба иттилои кумита, дар чорабинии мазкур мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат Фароғат Қурбонова дар бораи муваффақияти занону духтарони шаҳри Ваҳдат ва сабабҳои зиёдшавии вайроншавии оилаҳо сухан гуфт.
Дар вохӯрӣ намояндаи кумита Мадина Бобоева, шоираи халқӣ Шаҳрия дар мавзӯи нақши занон дар ҷомеа, бунёди оилаи солим, сабабҳои пошхӯрии оилаҳо, ахлоқи ҷавондухтарон, гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва пешгирии ҳодисаҳои номатлуб сухан карда, даъват ба амал оварданд, ки занон бетарафӣ накарда, ҳама якҷоя пайи ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта камари ҳиммат банданд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






