Вохӯрӣ бо сарҳадбонон

Декабрь 24, 2014 09:50

Душанбе, 24.12.2014 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар қисми ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, бо ширкати намояндагони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вохӯрии пешгирикунандаву фаҳмондадиҳӣ доир ба пешгирӣ, мубориза ва паёмадҳои номатлуби нашъамандӣ баргузор  шуд.
Бино ба иттилои агентӣ дар вохӯрӣ ҳайати фармондеҳии қисми низомӣ, муовинони командирони қисмҳои ҳарбӣ оид ба корҳои тарбиявӣ ва афсарони калон ширкат доштанд.
Намояндаи Раёсати агентӣ доир ба мафҳум, моҳият ва дурнамои «Стратегияи миллии мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» сухан гуфта, иҷрои бемайлони ин ҳуҷҷати муҳими давлатиро вазифаи ҳатмии мақомоти марбутаи давлатӣ шуморид.
Зикр шуд, ки неруҳои сарҳадӣ дар ҳамдастӣ бо воҳидҳои сохтории Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар манотиқи мухталифи кишвар, хосатан марзи тӯлонии байни Тоҷикистону Афғонистон аз кӯшишҳои таҷовузкоронаи гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир ҷилавгирӣ карда, ҳифзи боэътимоди фазои сиёсӣ ва ҳаёти осоиштаи мамлакат аз зиракиву маҳорати баланди ҳирфаии онҳо вобаста аст.
Вохӯрӣ бо табодули саволу ҷавоб дар мавзӯи матраҳ ва дар як рӯҳияи баланд ба анҷом расид.
 
 

Декабрь 24, 2014 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад