Вохӯрии директори АНМН бо ҳамоҳангсози Раёсати СММ
Душанбе, 25.12.2014 (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- 24 декабри соли 2014 директори Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назарзода ҳамоҳангсози барномавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Алӣ Сарияздиро бо сабаби ба итмом расидани муҳлати намояндагиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти агентӣ дар вохӯрӣ директори агентӣ ба Алӣ Сарияздӣ барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин барои мусоидати пайвастаи Намояндагии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ арзи сипос намуд.
Алӣ Сарияздӣ фаъолияти сесолаи худро дар Тоҷикистон, аз ҷумла таҳияи барномаҳо ва лоиҳаҳоро дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қонунигардонии маблағҳои пулӣ, ки аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба даст омадаанд, натиҷагирӣ намуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Алӣ Сарияздӣ дар “Китоби меҳмонони фахрӣ” хотироти худро сабт намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






