Вохӯрии муовини аввали Сарвазир бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ

Декабрь 17, 2014 13:04

 
Душанбе, 17.12. 2014. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Имрӯз муовини аввали  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид  бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаҳ  мулоқот кард.
Дар мулоқот масоили марбут ба дарёфти роҳу усулҳои нави ҳамкорӣ бо назардошти кам кардани таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти  ҳамгироӣ бо мақсади  дастгирии буҷети давлатӣ, рушди соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо ҳамзамон доир ба пешбурди корҳои авалиндараҷа дар татбиқи лоиҳаи сохтмони хатти барқи баландшидати КАСА — 1000 табодули афкор намуданд.
 
 

Декабрь 17, 2014 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст