Вохӯрии муовини аввали Сарвазир бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ
Душанбе, 17.12. 2014. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Имрӯз муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаҳ мулоқот кард.
Дар мулоқот масоили марбут ба дарёфти роҳу усулҳои нави ҳамкорӣ бо назардошти кам кардани таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти ҳамгироӣ бо мақсади дастгирии буҷети давлатӣ, рушди соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо ҳамзамон доир ба пешбурди корҳои авалиндараҷа дар татбиқи лоиҳаи сохтмони хатти барқи баландшидати КАСА — 1000 табодули афкор намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






