Вохӯрии собиқадорони мақомоти амнияти давлатии Тоҷикистон дар Маскав

Декабрь 10, 2014 12:01

Душанбе,  10.12.2014. (АМИТ «Ховар»,  Марҳабои  Азамат).- 20  декабр  чекистҳои саросари  кишварҳои  пасошӯравӣ  иди  касбии  худ – 90 – солагии  таъсиси  мақомоти  амнияти  давлатиро  таҷлил  менамоянд. Собиқадорони  мақомоти  амнияти давлатии Тоҷикистон  дар  арафаи  ин  санаи  фархунда  90 – умин  солгарди  таъсиси Кумитаи   амнияти   давлатии  Тоҷикистонро  дар  шаҳри  Маскав  таҷлил  намуданд.
Дар  ин  бора  намояндаи  расмии  сафорати  ҶТ  дар  ФР  Муҳаммад  Эгамзод ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод. 
Назар  ба  иттилои манбаъ, ба  ин  муносибат  дар  меҳмонхонаи  «Варшава» —  и  шаҳри  Маскав  бо  иштироки  собиқадорони  мақомоти  амнияти давлатӣ,  чекистҳое, ки  солҳои гуногун  дар  қаламрави  ҷумҳуриамон хидмат  кардаанд, иқдоми  ботантана   баргузор  шуд.  
Собиқ  раиси Кумитаи   амнияти  давлатии назди  Шӯрои  Вазирони ҶШС  Тоҷикистон (солҳои  1975 – 1985), генерал —  майор  Евгений  Первентсев, собиқадорони  хадамоти  махсус  ва  иштирокдорони  дигари  чорабиниро  бо  рӯзи таъсисёбии  мақомоти  бехатарии Тоҷикистон  муборакбод  карда,  ба  онҳо  дар  иҷрои  вазифаашон  муваффақиятҳо ва сулҳу  ризоият  дар  Тоҷикистонро  орзу  намуд. 
Назар  ба  гуфтаи  Муҳаммад  Эгамзод, аз  рӯи  натиҷаи  вохӯрӣ ба  ифтихори  90 —  солагии таъсиси  мақомоти   амниятии  Тоҷикистон табрикномаи Кумитаи  тадорукоти  чорабинӣ  унвонии  раиси Кумитаи  давлатии  амнияти  миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Саймӯъмин  Ятимов  қабул  шуд. 
Маҳфил бо барномаи дилпазири  консертӣ анҷом  ёфт, ки дар  он  сурудҳои  халқию  ватандӯстӣ ба  забонҳои  русию тоҷикӣ  танинандоз  шуданд.

Декабрь 10, 2014 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!