Вохӯрии вазири кишоварзӣ бо роҳбари Ширкати «ВИС LTD»
Душанбе, 4.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар директори кулли Ширкати бритониёии «ВИС» Питер Вейкфилдро қабул намуд. Муваффақият ва норасоиҳои фаъолияти ширкати мазкур барои ба роҳ мондани сертификатсияи нави пахта тибқи талаботи бозори ҷаҳонӣ ва бо ин роҳ афзоиши даромаднокии на танҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ, балки зиёдшавии ҳаҷми андоз аз фурӯши нахи пахта мавзӯи марказии суҳбати тарафайн қарор дода шуд.
Вазир гуфт, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСП «Тоҷикистон-ВИС (Санҷиши мустақили пахта)» дар шакли муассисаи муштарак бо ширкати мустақили «Вейкфилд инспекшн сервисес», ки дар бозори мазкур қариб 100 сол боз, яъне аз соли 1903 кор мекунад ва дар бозори ҷаҳонии нахи пахта соҳиби обрӯю эътибор ва боварии зиёд аст, таъсис дода шуд. Ин ширкат дар 39 мамлакати олам, ки соҳаи пахтакорӣ доранд, намояндагии худро дорад.
Барои барпо намудани ин муассиса Бонки Рушди Осиё ба маблағи қариб ду миллион доллари ИМА қарз ҷудо намуда, 3 озмоишгоҳи минтақавии ҶСП «Точикистон-ВИС (Санҷиши мустақили пахта)» (дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе), ки ба талаботи замонавӣ ҷавобгӯст, бунёд шуданд. Мошинҳои баландсуръати озмоиши сифати нахи пахта модели HVI 1000 М 1000 харид шуда, ба кор омода шуданд.
Ҳамзамон мушкилоту монеаҳои мавҷуда дар роҳи тавсеаи фаъолияти ширкати мазкур мавриди муҳокимаи тарафайн қарор дода шуда, роҳҳои рафъи онҳо, аз ҷумла истифодаи роликҳои рекламавиву буклетҳо ва таъсиси сомонаи махсуси ширкат барои истифодабарандагони Тоҷикистон ба манфиати кор дониста шуд.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат хабар доданд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






