Вохӯрии вазири кишоварзӣ бо роҳбари Ширкати «ВИС LTD»

Декабрь 4, 2014 10:35

Душанбе, 4.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз  вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар директори кулли Ширкати бритониёии «ВИС» Питер Вейкфилдро қабул намуд. Муваффақият ва норасоиҳои фаъолияти ширкати мазкур барои ба роҳ мондани сертификатсияи нави пахта тибқи талаботи бозори ҷаҳонӣ ва бо ин роҳ афзоиши даромаднокии на танҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ, балки зиёдшавии ҳаҷми андоз аз фурӯши нахи пахта мавзӯи марказии суҳбати тарафайн қарор дода шуд.
Вазир гуфт, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҶСП «Тоҷикистон-ВИС (Санҷиши мустақили пахта)» дар шакли муассисаи муштарак бо ширкати мустақили «Вейкфилд инспекшн сервисес», ки дар бозори мазкур қариб 100 сол боз, яъне аз соли 1903 кор мекунад ва дар бозори ҷаҳонии нахи пахта соҳиби обрӯю эътибор ва боварии зиёд аст, таъсис дода шуд. Ин ширкат дар 39 мамлакати олам, ки соҳаи пахтакорӣ доранд, намояндагии худро дорад.
Барои барпо намудани ин муассиса Бонки Рушди Осиё ба маблағи қариб ду миллион доллари ИМА қарз ҷудо намуда, 3 озмоишгоҳи минтақавии ҶСП «Точикистон-ВИС (Санҷиши мустақили пахта)» (дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе), ки ба талаботи замонавӣ ҷавобгӯст, бунёд шуданд. Мошинҳои баландсуръати озмоиши сифати нахи пахта модели HVI 1000 М 1000 харид шуда, ба кор омода  шуданд.
Ҳамзамон мушкилоту монеаҳои мавҷуда дар роҳи тавсеаи фаъолияти ширкати мазкур мавриди муҳокимаи тарафайн қарор дода шуда, роҳҳои рафъи онҳо, аз ҷумла истифодаи роликҳои рекламавиву буклетҳо ва таъсиси сомонаи махсуси ширкат барои истифодабарандагони Тоҷикистон ба манфиати кор дониста шуд. 
Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат хабар доданд.
 
 

Декабрь 4, 2014 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд