Вокуниши Раёсати Маркази исломӣ нисбати ҳамлаи террористии Пешовар
Душанбе, 18.12.2014. (АМИТ «Ховар»). — Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи гурӯҳи терорристонро ба яке аз муассисаҳои таълимии шаҳри Пешовари Покистон, ки рӯзи сешанбеи ҳафтаи ҷорӣ, ки беш аз 150 талабангонро ваҳшиёна ба қатл расониданд ва қатли бераҳмонаи 150 нафар заннонро, ки аз ҷониби ин гурӯҳҳои терорристӣ анҷом гирифтааст, шадидан маҳкум карда, ин амалҳоро ваҳшиёна ва ғайриинсонию ғайри исломӣ медонад. Анҷоми ин гуна амалҳои ваҳшиёна, ки боиси қатлу куштори мардуми бегуноҳ ва махсусан занону кӯдакон мегардад, ягон иртибот ба дини мубини Исломи асил надошта баракс Ислом он касонеро, ки даст ба ҷинояти сангин, яъне қатл ва куштор мезананд, такфир намудааст. Чуноне, ки Расули Акрам (с) фармудаанд: “Худованд ба касоне, ки раҳм ба мардум надорад, раҳм намекунад” (Бухорӣ).
Аз дидгоҳи шариати муқаддаси Ислом на танҳо резондани хуни мусалмон ҳаром аст, балки резонидани обрӯи шахси мусалмон низ ҷурми сангин аст. Хусусан ба қатл расонидани кудакон ҷинояти нобахшиданӣ маҳсуб мегардад. Зеро Пайғамбари Худо (с) фармуданд: “Ҳар навзод бо имони фитрӣ таваллуд шудааст”. Агар мо ба таърихи садри Ислом назар андозем, мебинем, ки мусалмонҳо баъд аз он ки душманон ба сарзамини онҳо лашкаркашӣ карданд, дар натиҷа мағлуб мегардиданд ва мусалмонҳо онҳоро муҳосира мекарданд, аз куштани кудакон, занон ва беморон ва пиронсолон худдорӣ мекарданд.
Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баъзе гурӯҳҳое, ки барои пиёда кардани аҳдофи ғаразноки худ дар замони муосир аз таълимоти дини муқаддаси Ислом суистифода мекунанд ва Исломи нобро ба сиёсат олуда мекунанд, даъват менамояд, ки аз ин амалҳо ва аҳдофи нопоки худ, ки боиси коста шудани обрӯи мусулмонон дар арсаи ҷаҳон мегардад, даст кашанд.
Раёсати Маркази исломӣ дар охир бори дигар ин амали ваҳшиёнаро шадидан маҳкум карда, ба падару модар ва наздикони қурбониёни ин ҳамлаи ноҷавонмардонаи террористон арзи тасаллият намуда, ба онҳо сабри ҷамил ва аҷри азим хоҳонаст.
Раёсати Маркази исломии ҶТ








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






