Ёде аз академики шинохта Олег Доброволский

Декабрь 3, 2014 11:48

Душанбе, 3.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). -4 декабри соли 2014 дар Академияи илмҳо бахшида ба 100-солагии академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, астрофизики шинохтаи ҷаҳон Олег Доброволский конфронси илмии байналмиллалӣ доир мегардад. Бино ба иттилои Академияи илмҳои ҶТ, дар конфронс олимони шинохта, астрофизикону шогирдони Олег Доброволский ширкат хоҳанд кард. Дар назар аст, ки дар он ҳамчунин яке аз шогирдони ӯ, кашшофи ситораи думдори Чурюмов-Герсименко, сарходими илмии Институти астрофизикаи Академияи илмҳо Светлана Герасименко маърӯза кунад. Бояд гуфт, ки Олег Доброволский астрономи шинохтаи советӣ буда, 29 ноябр (12 декабр)-и соли 1914 дар Запорожйе таваллуд шудааст. Соли 1937 Донишгоҳи шаҳри Киев ва соли 1941 аспирантураро хатм намудааст. Шуруъ аз соли 1941 дар Институти астрофизикаи АИ Тоҷикистон фаъолият намуда, аз соли 1946 мудири шуъбаи шинохти ситораи думдор, солҳои 1971-1977 ба ҳайси директори ин институт кор кардааст. Хотиррасон мекунем, ки соли 1970 таҳти роҳбарии ӯ навбати дуюми расадхонаи Ҳисор ва расадхонаи баландкӯҳи Санглох сохта шуд.Корҳои илмии О. Доброволский ба ситораи думдор ва метеорҳо, омори ситораҳо ва тағйири ситораҳо бахшида шудаанд.

Декабрь 3, 2014 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд