Занон-зидди терроризм

Декабрь 24, 2014 16:36

Душанбе, 24.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи гурӯҳи пешвои толибонро ба яке аз муассисаҳои таълимии шаҳри Пешовари Покистон, ки дар он беш аз 150 талабаро ваҳшиёна ба қатл расониданд ва қатли бераҳмонаи 150 нафар занони ҳомила, бахшандаи ҳаёти ҷовидонаи инсонӣ ва ҷавондухтарони ноболиғро, ки дар шаҳри Қоҳираи Арабистон зинда ба гӯр кардаанд, шадидан маҳкум менамояд.
Ҳамзамон вобаста ба ин амали нангин, ки фоҷеабортарин ҳамлаи террористӣ дар таърихи башарият маҳсуб ёфта, нишони ваҳшонияти ашхоси бемазҳабу беватан мебошад, аз  17  то 19 декабр  дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт вохӯрию суҳбатҳо баргузор шуданд ва зимни онҳо варақаҳои иттилоотии «Занон зидди терроризм» паҳн гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 
 
 
 
 
 
 
 

Декабрь 24, 2014 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид