Занон-зидди терроризм
Душанбе, 24.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи гурӯҳи пешвои толибонро ба яке аз муассисаҳои таълимии шаҳри Пешовари Покистон, ки дар он беш аз 150 талабаро ваҳшиёна ба қатл расониданд ва қатли бераҳмонаи 150 нафар занони ҳомила, бахшандаи ҳаёти ҷовидонаи инсонӣ ва ҷавондухтарони ноболиғро, ки дар шаҳри Қоҳираи Арабистон зинда ба гӯр кардаанд, шадидан маҳкум менамояд.
Ҳамзамон вобаста ба ин амали нангин, ки фоҷеабортарин ҳамлаи террористӣ дар таърихи башарият маҳсуб ёфта, нишони ваҳшонияти ашхоси бемазҳабу беватан мебошад, аз 17 то 19 декабр дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт вохӯрию суҳбатҳо баргузор шуданд ва зимни онҳо варақаҳои иттилоотии «Занон зидди терроризм» паҳн гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






