Қайроққум: соли 2014 содироти мол 82%-ро ташкил дод

Январь 6, 2015 12:00

Қайроққум, 06.01.2015. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар соли 2014 дар шаҳри Қайроққум ҳаҷми гардиши умумии савдои хориҷӣ ба 133 миллиону 216 ҳазор доллари амрикоӣ баробар шуда, субъектҳои хоҷагидори шаҳр бо 22 кишвари хориҷӣ дуру наздик алоқаи тиҷоратӣ ба роҳ монданд, ки аз шумораи умумии савдои хориҷӣ  содироти мол 82,6%-ро ташкил дод.
Дар ин раванд ба иқтисодиёти шаҳр 160,6 миллион сомонӣ сармоя ҷалб гардид, ки 108,1 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ мебошад. Инчунин дар давраи ҳисоботӣ қисми нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 122,7% таъмин гардид. 
Тавре ки ба хабарнигори  АМИТ “Ховар”  раиси шаҳри Қайроққум Сатториён Матлуба Амонзода иттилоъ дод, дар ин замина инчунин соли сипаригардида дар миқёси шаҳр аз ҷониби соҳибкорон 7 коргоҳи хурду миёна, 33 иншооти гуногуни дорои аҳамияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар раванди иҷрои “Барномаи вилоятии “соли 2014 — соли роҳҳои обод” дар қаламрави шаҳр 16 км роҳи мошингард асфалтпӯш шуда, дар 30,3 км роҳ корҳои таъмири ҷорӣ ва шағалпӯшкунӣ гузаронида шуданд.  
 

Январь 6, 2015 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст