Қайроққум: вусъати маъракаи “100 рӯзи ниҳолшинонӣ”
Қайроққум, 31.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Бо иқдоми раиси шаҳри Қайроққум дар ҳудуди марказ ва шаҳракҳои тобеи шаҳр маъракаи ободкорӣ ва дар ин замина ниҳолшинонӣ дар доираи «Амалиёти 100 рӯзи ниҳолшинонӣ» рӯз аз рӯз вусъати тоза пайдо мекунад.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” аз дастгоҳи раиси шаҳри Қайроққум иттилоъ доданд, тибқи дастури раиси шаҳр Матлуба Сатториён ва инчунин бо мақсади ободу зебо гардонидани шаҳри фароғатии соҳили «Баҳри Тоҷик», ҷойҳои фароғативу истироҳатии шаҳрвандон, кӯчаву гулгашту боғҳо дар миқёси шаҳри Қайроққум ва шаҳракҳои тобеи он дар раванди баргузории шанбегиҳо, инчунин маъракаи ниҳолшинонӣ низ ҷараён дорад.
Тибқи маълумоти манбаъ, то имрӯз аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои шаҳр, аз ҷумла — ҶДММ Осоишгоҳи «Баҳористон», КДФ «Хоҷагии манзилӣ- коммуналӣ»-и шаҳр, гимназияи ба номи Б.Ғафуров зиёда аз 3000 бех ниҳоли гуногуни ҳамешасабзу сояафкан шинонида шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






