120 ҳазор сомонӣ барои намоишномаи беҳтарин дар мавзӯи оила

Январь 30, 2015 08:16

Душанбе, 30.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Дар доираи эълон гардидани «Соли оила» аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар байни театрҳои касбиву халқии вилояти Сугд озмуни намоишномаи беҳтарин дар мавзӯи оила гузаронида шуда, он дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст  мешавад. Намоишномаҳои беҳтарин бо мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 120 ҳазор сомонӣ мебошад, сарфароз мегарданд.
Ин нукта зимни мулоқоти раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, ки бо намояндагони аҳли фарҳанги вилоят 29 январ дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд доир гардид, таъкид шуд.
 «Ҳадаф аз мулоқоти рӯбарӯ бо аҳли фарҳанги вилоят боло бардоштани мақоми соҳаи фарҳанг дар тамоми шаҳру навоҳӣ, огоҳӣ аз вазъи кунунӣ ва тақвият бахшидани маърифатнокии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад» — таъкид дошт, раиси вилоят.
Ҳамзамон раиси вилоят аз фаъолияти шӯрои бадеии вилоятӣ изҳори нигаронӣ намуда, хостори тақвияти кори шӯро ва назорати доимии суруду оҳангҳои тозаэҷод шуд. Дастур дода шуд, ки аз ҷониби ҳунармандони касбӣ намоишномаву саҳнаҳои тарбиявӣ омода  шаванд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
 

Январь 30, 2015 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид