120 ҳазор сомонӣ барои намоишномаи беҳтарин дар мавзӯи оила
Душанбе, 30.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Дар доираи эълон гардидани «Соли оила» аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар байни театрҳои касбиву халқии вилояти Сугд озмуни намоишномаи беҳтарин дар мавзӯи оила гузаронида шуда, он дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст мешавад. Намоишномаҳои беҳтарин бо мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 120 ҳазор сомонӣ мебошад, сарфароз мегарданд.
Ин нукта зимни мулоқоти раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, ки бо намояндагони аҳли фарҳанги вилоят 29 январ дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд доир гардид, таъкид шуд.
«Ҳадаф аз мулоқоти рӯбарӯ бо аҳли фарҳанги вилоят боло бардоштани мақоми соҳаи фарҳанг дар тамоми шаҳру навоҳӣ, огоҳӣ аз вазъи кунунӣ ва тақвият бахшидани маърифатнокии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад» — таъкид дошт, раиси вилоят.
Ҳамзамон раиси вилоят аз фаъолияти шӯрои бадеии вилоятӣ изҳори нигаронӣ намуда, хостори тақвияти кори шӯро ва назорати доимии суруду оҳангҳои тозаэҷод шуд. Дастур дода шуд, ки аз ҷониби ҳунармандони касбӣ намоишномаву саҳнаҳои тарбиявӣ омода шаванд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






