Ҳаҷми боркашонӣ 19,8 миллион тоннаро ташкил дод

Январь 27, 2015 11:52

Душанбе,  27.01.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих).-  Соли  2014 ҳаҷми   боркашонӣ  тавассути  нақлиёти  истифодаи  умумӣ 19,8  миллион  тоннаро ташкил дод, ки  нисбат ба  ҳамин  давраи  соли  2013 –ум  8,2  фоиз зиёд  аст,  гуфт  вазири  нақлиёти  ҶТ  Хайрулло  Асозода дар  ҷараёни  нишасти  матбуотӣ, ки  26  январ  баргузор гардид.
Ба  гуфтаи  мавсуф, дар  ин  муддат  соҳаи  нақлиёт ба 192,5  миллион  нафар  мусофирон   хидмат расонид, ки  ин  нисбат ба  ҳамин  давраи  соли  2013 баробари 10,6  фоиз  зиёд  аст. 
Соли  гузашта  тавассути  нақлиёти  автомобилӣ 191  миллион  нафар  мусофирон,  нақлиёти  хавоӣ 1,1  миллион  ва  тавассути  нақлиёти  роҳи  оҳан  беш  аз 455 ҳазор  нафар  мусофирон интиқол  дода шуданд.
Дар  нишасти  матбуотӣ  ҳамчунин зикр  шуд, ки нақлиёти  байналмилалии  автомобилӣ  бо  иштироки 40  ширкати  дуру  наздик ва ширкатҳои  кишвар  1,4  миллион  тонна  бор  кашонида,  ба  беш  аз  128  ҳазор  нафар  мусофирон  хидмат расонид,  ки  ин  нисбат ба  ҳамин  давраи  соли  2013 таносубан  баробари 21,7 ва 36,2  фоиз  зиёд  аст. 

Январь 27, 2015 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид