Ҳаҷми боркашонӣ 19,8 миллион тоннаро ташкил дод
Душанбе, 27.01.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Соли 2014 ҳаҷми боркашонӣ тавассути нақлиёти истифодаи умумӣ 19,8 миллион тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 –ум 8,2 фоиз зиёд аст, гуфт вазири нақлиёти ҶТ Хайрулло Асозода дар ҷараёни нишасти матбуотӣ, ки 26 январ баргузор гардид.
Ба гуфтаи мавсуф, дар ин муддат соҳаи нақлиёт ба 192,5 миллион нафар мусофирон хидмат расонид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 баробари 10,6 фоиз зиёд аст.
Соли гузашта тавассути нақлиёти автомобилӣ 191 миллион нафар мусофирон, нақлиёти хавоӣ 1,1 миллион ва тавассути нақлиёти роҳи оҳан беш аз 455 ҳазор нафар мусофирон интиқол дода шуданд.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин зикр шуд, ки нақлиёти байналмилалии автомобилӣ бо иштироки 40 ширкати дуру наздик ва ширкатҳои кишвар 1,4 миллион тонна бор кашонида, ба беш аз 128 ҳазор нафар мусофирон хидмат расонид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 таносубан баробари 21,7 ва 36,2 фоиз зиёд аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






