Ҳадаф аз санҷиши сатҳи донистани забони давлатӣ таъмини иҷрои талаботи қонун аст!
(Вокуниш ба мақолаи «Аз гуноҳат гузаштам…», санаи 16.01.2015 сол)
Душанбе, 20.01.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҳикматулло Сайфуллозода мақолае бо номи рамзии «Аз гуноҳат гузаштам…» ба нашр расонид, ки дар он аз санҷидани сатҳи забони давлатиро донистани номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда, худро аз ҳама доно, ҳатто аз мутахассисони соҳаи забон низ донотар эълон кардааст. Аз ҷумла ҷаноби Ҳикматулло Сайфуллозода қайд кардааст: «Он чи, ки ман медонам, худи имтиҳонгирандагон намедонанд. Аммо бо вуҷуди ин аз мо талаб карданд, ки тарҷумаи ҳолро супорем. Баъдан ҳайати комиссия ин навиштаи маро таҳсин хонданд. Ростӣ, намедонам, ки ҳадаф аз супоридани имтиҳон чӣ буд».
Ҷаноби Ҳикматулло Сайфуллозода! Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба саводу дониши Шумо шакку шубҳае надорад. Чаро Шумо меҳоҳед ба таври оммавӣ ба мардум эълон намоед, ки бисёр донишмандед. Хуб мебуд, агар ба донишу илми Шумо дигарон баҳо медоданд, на худатон. Зеро худро аз дигарон боло донистан ва иброз доштани он ки «Он чи, ки ман медонам худи имтиҳонгирандагон намедонанд» оё кибру ѓурури нозарур нест?
Ҷаноби Ҳикматулло Сайфуллозода! Шумо қайд кардаед, ки «Ростӣ, намедонам, ки ҳадаф аз супоридани имтиҳон чӣ буд». Ба маълумоти Шумо оддӣ карда мерасонем, ки ҳадаф аз ин иқдом муайян кардани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аст. Талабот оид ба санҷиши сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзадҳо аз Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеояд. Мувофиқи муқаррароти моддаи 28 қонуни мазкур номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бояд забони давлатиро донад. Ба назар чунин мерасад, ки мавҷудияти талаботи мазкур барои Шумо ѓайричашмдошт аст. Илова бар ин, ба маълумоти Шумо мерасонем, ки яке аз вазифаҳои асосии вакили Маҷлиси намояндагон таҳияию қабули қонунҳо ба забони давлатист. Шахсе, ки забони давлатиро намедонад чи гуна қонун эҷод мекунад? Агар ба Шумо воқеан ҳадафи санҷидани сатҳи забони давлатиро донистани номзадҳо нофаҳмо бошад, пас, ба маълумотатон мерасонем, ки ҳадаф танҳо риоя ва иҷрои талаботи ҚОНУН аст, на чизи дигар.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






