Ҳадафи асосии Ҳукумат танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатист
Душанбе, 23.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Танзими масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҳадафҳои асосии Ҳукумат ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошад»,- таъкид дошт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 23 январ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ин самт зарур аст, ки ҷиҳати коҳиш додани муҳоҷират муҳайё намудани ҷойҳои нави кориро дар дохили кишвар ҳарчи бештар тавсеа бахшида, доир ба масъалаҳои танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони мо ва ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи кишварҳои қабулкунандаи неруи корӣ беш аз пеш тақвият бахшида шавад.
«Илова бар ин, дар бобати аз худ кардани касбу ҳунарҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва забономӯзии шаҳрвандон тадбирҳои иловагӣ андешида, ҷиҳати такмили масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар то охири соли ҷорӣ лоиҳаи қонун “Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ” ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод шавад»,- баён намуд Эмомалӣ Раҳмон.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






