Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон номбар шуд

Январь 6, 2015 12:21

Душанбе,  06.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Сармураббии  дастаи мунтахаби  Тоҷикистон  (U-21)  оид ба  футбол  Алишер  Тӯхтаев  ҳайати  футболбозонеро, ки барои  дарёфти  Ҷоми Иттиҳод —  2015  қувваозмоӣ  менамоянд, номбар  кард. Ин  мусобиқот  аз  16  то  25  январ  дар  шаҳри  Санкт — Петербург  баргузор  мешавад. 
Тавре  ки  аз Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  хабар  доданд,  ба  ҳайати  дастаи  ҷавонон  19  нафар  футболбоз,  аз  ҷумла 2  дарвозабон,  7  муҳофизатгар,  6  ниммуҳофизатгар ва  4  ҳамлагар  шомиланд.
Ёдовар  мешавем, ки  дастаи  ҷавонони  Тоҷикистон  17  январ  дар  вохӯрии  аввали  мусобиқот  бо  дастаи  мунтахаби  Қазоқистон  вомехӯрад.  18  январ  шогирдони  Алишер  Тӯхтаев бо  дастаи  мунтахаби Ҷумҳурии Африқои  Ҷанубӣ  ва  20  январ бо  дастаи  Литва қувваозмоӣ  менамоянд. 

Январь 6, 2015 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид