Ҳалокати 13 нафар бар асари ҳодисаҳои фалокатовар дар истеҳсолот
Душанбе, 09.01.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- «Нозирони хадамот тайи соли 2014 дар корхонаҳои саноатии кишвар 15 ҳодисаи фалокатоварро ба қайд гирифтанд, ки дар натиҷаи онҳо 13 нафар ҳалок гардидааст», — гуфт сардори Хадамоти назорати давлатии иҷрои бехатари корҳо дар саноат ва назорати маъдани назди Ҳукумати ҶТ Сиҷоуддин Саломзода дар ҷараёни нишасти матбуотӣ, ки имрӯз, 9 январ, баргузор гардид.
Сиҷоуддин Саломзода зикр намуд, ки асосан ҳодисаҳои фалокатовар дар корхонаҳо барои риоя нашудани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ва бепарвоии худи кормандон рух медиҳанд.
«Аз рӯи ҳамаи ин ҳодисаҳои фалокатовар таҳлили махсуси техникӣ сурат гирифта, барои таъмини талаботи меъёрию ҳуқуқӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи бехатарии саноатӣ дар Тоҷикистон ҳамаи чораҳои заруриро мебинем», — гуфт роҳбари хадамот.
Қобили зикр аст, ки кормандони хадамот дар давраи ҳисобот нисбат ба кормандони масъулиятноки корхонаҳое, ки қоидаҳои бехатарии саноатиро риоя накардаанд, чораҳои маъмурӣ дида, онҳо ба маблағи 104 ҳазору 640 сомонӣ ҷарима баста шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






