Ҳамгироии таҳсилоти байнифарҳангию байнизабонӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 26.01.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Имрӯз, 26 январ, дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии рисолаи профессор Саъдуллоҷон Неъматов «Ҳамгироии таҳсилоти байнифарҳангию байнизабонӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид.
Тавре ки аз Академияи таҳсилоти Тоҷикистон хабар доданд, дар рисола масоили заминаҳои омӯзгории таҳсилоти байнифарҳангию байнизабонӣ, проблемаҳои тарҷума дар шароити байнифарҳангӣ. Ҳамчунин аҳамияти забони русӣ дар муҳити байнифарҳангию бисёрзабонӣ инъикос дода шудаанд.
Қобили зикр аст, ки Саъдуллоҷон Неъматов дар асари зикршуда кӯшиш намудааст, ки масоили байнифарҳангию байнизабонӣ дар Тоҷикистонро ифшо намояд. Дар рисола ҳамчунин самтҳои афзалиятноки ташаккули муҳити байнифарҳангию байнизабонӣ дар фазои имрӯзаи маърифатии ҷумҳурӣ баррасӣ шудаанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






