Ҳамкории ДМИТ бо 18 муассисаи таҳсилоти олӣ
Душанбе, 23.01.2014. (АМИТ Ховар, Раъно Нусратуллозода).-22 январ оид ба фаъолияти Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) дар соли 2014 нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар нишаст ректори донишкада Ашурбой Солиев вобаста ба самтҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ, иқтисодию хоҷагидорӣ ва вазифаву нақшаҳои ояндаи фаъолияти ДМИТ маълумот дода, аз ҷумла зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ бобати рушди муносибатҳои байналмилалӣ бо зиёда аз 18 муассисаи таҳсилоти олӣ ва ташкилотҳои дохил ва хориҷи кишвар шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонид.
Ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмӣ ва таълимии таҳсилоти олии касбии хориҷиву ватанӣ асосан дар самти табдули таҷриба, пешбурди якҷояи корҳои илмию методӣ, тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогие, ки дорои дараҷаи илмиянд, мубодилаи донишҷӯён, баргузории конфронсу мизҳои мудаввар ва иштирок дар лоиҳаҳои грантӣ ба роҳ монда шудаанд. Мавриди зикр аст, ки дар охири соли 2014 миқдори муассисаҳое, ки донишкада бо онҳо созишномаи ҳамкорӣ бастааст, нисбат ба соли 2012 ду маротиба зиёд гардидааст.
Инчунин дар соли хониши 2014-2015 ба донишкада намояндагони зиёда аз 7 муассисаи таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар омаданд ва хоҳиши ҳамкорӣ намуданро иброз доштанд.
Сарвари донишкада иброз дошт, ки дар оянда донишкада давом додани ҳамкориро бо муассисаҳои олии хориҷи кишвар ва ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо дигар минтақаҳои ҷаҳон- Ҷопон, Аврупо, ИМА дар нақша дорад. Натиҷаи ҳамин ҳамкориҳо буд, ки ҳоло беш аз 12 нафар донишҷӯи донишкада дар доираи барномаҳои мубодилаи донишҷӯён дар муассисаҳои таълимии Федератсияи Русия, Чин ва Кипри шимолӣ дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура таҳсил доранд.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






