Ҳамкории судманди олимони хориҷӣ бо Донишгоҳи тиббӣ
Душанбе, 12.01.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- «Конфронсҳои илмию амалии солонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳар чи бештар таваҷҷуҳи олимону мутахассисони хориҷиро ба худ ҷалб менамоянд», — гуфт дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ректори ДДТТ Убайдулло Қурбонов.
Зикр шуд, ки соли 2014 дар Донишгоҳи тиббӣ се конфронси илмию амалӣ бо иштироки 50 нафар олимону мутахассисони кишварҳои хориҷӣ баргузор гардида, се маҷмӯаи маводи конфронсҳо иборат аз 970 мақола чоп шуд. Ба гуфтаи Убайдулло Қурбонов, як қисми ин мавод маҳсули фаъолияти илмию тадқиқотии мутахассисони хориҷӣ ба шумор меравад.
Ёдовар мешавем, ки конфронсҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти ДДТТ дар рушди фаъолияти илмию тадқиқотии он маҳсуб меёбанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






