Ҳашиш дар пойафзол
Душанбе, 7.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон боз як амали кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор ва пешгирӣ шуд.
Дар толори назорати гумрукии шаҳрвандони гумруки Панҷи Поёни Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ҳангоми гузаронидани муоинаи шаҳрвандон Муҳаммад Рафии Ғулом Нақшбанд, соли таваллудаш 1991, сокини вилояти Парвони ноҳияи Соланги Давлати Исломии Афғонистон бо ҷурми дар ҳаракатҳояш мушоҳида гардидани ҳолатҳои шубҳанок мавриди боздошт қарор гирифт. Ҳангоми гузаронидани муоинаи шахсӣ маълум гардид, ки Муҳаммад Рафии 24-сола дар таги пояфзолҳояш ду бастаи маводи навъи ҳашишро бо вазни 916,8 грамм пинҳон намуда, мехост ғайриқонунӣ аз тариқи сарҳади гумрукӣ интиқол диҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






