Ҳуқуқи инсон дар соҳаи ҳифзи саломатӣ

Январь 19, 2015 11:59

Душанбе, 19.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бо ташаббуси Маркази таълимии судяҳо дар назди Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамои амалӣ  «Ҳуқуқи инсон дар соҳаи ҳифзи саломатӣ»  ба нашр расид, ки дар он ҳуқуқ ва уҳдадории беморон ва кормандони тибб, шакл ва тарзҳои ҳимояи онҳо дар сатҳи байналмилалӣ, аврупоӣ ва миллӣ баён гардида, масъалаҳои гузаронидани ташхиси тиббӣ баррасӣ шудааст.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Шӯрои адлияи ҶТ, роҳнамо муқаррароти конститутсионӣ, меъёрҳои қонунҳо ва санадҳои зерқонуниро оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳо (ба мисолҳои амалии риояи онҳо, маслиҳатҳо оид ба фаҳмиши ҳуқуқ, амалисозии ҳуқуқ ва татбиқи ҳуқуқ) дар соҳаи тандурустиро дар бар гирифтааст. Дар он намунаи ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, рўйхати адабиёти тавсияшаванда, маълумотнома ва луғати  тафсирӣ (ислоҳоти байналмилалӣ ва миллӣ) оварда шудааст.
Нашрияи мазкур ба чоп расида, барои ҳуқуқшиносон, кормандони тибб, кормандони низомии тандурустӣ, инчунин худи беморон нигаронида шудааст.
 
 

Январь 19, 2015 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид