Ҳуқуқи инсон дар соҳаи ҳифзи саломатӣ
Душанбе, 19.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бо ташаббуси Маркази таълимии судяҳо дар назди Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамои амалӣ «Ҳуқуқи инсон дар соҳаи ҳифзи саломатӣ» ба нашр расид, ки дар он ҳуқуқ ва уҳдадории беморон ва кормандони тибб, шакл ва тарзҳои ҳимояи онҳо дар сатҳи байналмилалӣ, аврупоӣ ва миллӣ баён гардида, масъалаҳои гузаронидани ташхиси тиббӣ баррасӣ шудааст.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Шӯрои адлияи ҶТ, роҳнамо муқаррароти конститутсионӣ, меъёрҳои қонунҳо ва санадҳои зерқонуниро оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳо (ба мисолҳои амалии риояи онҳо, маслиҳатҳо оид ба фаҳмиши ҳуқуқ, амалисозии ҳуқуқ ва татбиқи ҳуқуқ) дар соҳаи тандурустиро дар бар гирифтааст. Дар он намунаи ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, рўйхати адабиёти тавсияшаванда, маълумотнома ва луғати тафсирӣ (ислоҳоти байналмилалӣ ва миллӣ) оварда шудааст.
Нашрияи мазкур ба чоп расида, барои ҳуқуқшиносон, кормандони тибб, кормандони низомии тандурустӣ, инчунин худи беморон нигаронида шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






